Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Бонки ҷаҳонӣ: Иқтисоди Афғонистон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст
Бонки ҷаҳонӣ эълом карда, ки иқтисоди Афғонистон бо вуҷуди рушди маҳдуд, ҳамчунон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст ва ин рушд ба беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ё афзоиши даромадҳо мусоидат накардааст.
Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 26-уми май дар гузориши тоза гуфтааст, ки тавлиди нохолиси дохилии Афғонистон дар ҳудуди 4,8 дарсад рушд дошта, аммо ин рушд таҳти таъсири фишорҳои сохторӣ ва ҷамъиятӣ қарор дорад.
Дар ин гузориш омада, ки бозгашти миллионҳо афғон ба Афғонистон ва афзоиши тақозои дохилӣ дар канори маҳдудиятҳои иқтисодӣ, бар вазъияти умумии иқтисод таъсир гузоштааст.
Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки бо вуҷуди рушди иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, заъфи сармоягузорӣ ва маҳдудиятҳои сохторӣ боис шуда, ки манфиати ин рушд ба мардум нарасад.
Ҳамчунон дар ин гузориш ба коҳиши даромади аҳолӣ ва афзоиши таваррум ишора шуда ва гуфта шудааст, ки фишорҳои иқтисодӣ бар зиндагии мардум бештар шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад