Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Созмони Милал хостори таваққуфи ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғон шуд
Дафтари ҳайати муовинати Созмони Милал дар Афғонистон (ЮНАМА, UNAMA) эълом карда, ки Фолкер Тюрк, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, нисбат ба идомаи раванди ихроҷи иҷбории муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни афғон аз кишварҳои мизбон ҳушдор дода ва хостори таваққуфи ин раванд шудааст.
Фолкер Тюрк рӯзи ҷумъа, 22-уми май гуфтааст, ки занон, мардон ва кӯдакони Афғонистон ҳамчунон аз кишварҳое, ки барои амният ба онҳо паноҳ бурдаанд, ба иҷбор ихроҷ мешаванд ва ин иқдом онҳоро бар хилофи майлашон дар маърази хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.
Бар асоси гузориши комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, аз оғози соли ҷории мелодӣ то кунун наздик ба 270 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз Эрон ва Покистон ба кишварашон бозгардонда шудаанд.
Дар гузориши муштараки соли гузаштаи ЮНАМА ва дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал омада аст, ки бархе аз афғонҳои бозгардондашуда иҷборан, пас аз бозгашт бо боздошти худсарона, шиканҷа ва бадрафторӣ аз ҷониби мақомоти Толибон рӯ ба рӯ шудаанд.
Созмони Милал ҳамчунон нисбат ба гузоришҳое дар бораи баррасии азсаргирии раванди ихроҷи афғонҳо аз ҷониби бархе кишварҳои аврупоӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад