Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Тавофуқи нави Толибон бо Ӯзбекистон дар мавриди интиқоли 20 корхонаи истеҳсолӣ
Гурӯҳи террористии Толибон эълом кардааст, ки бо Ӯзбекистон оиди интиқоли 20 фабрикаи истеҳсолӣ ва сармоягузории муштарак дар саноати сабук ба мувофиқа расидаанд.
Вазорати саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористии Толибон рӯзи панҷшанбе, 21-уми май эълом кардааст, ки Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати Толибон бо Нозимҷон Холмуродов, раиси Агентии рушди саноати сабуки Шурои вазирони Ӯзбекистон дидор кардааст.
Бар асоси эъломияи Толибон, ин гурӯҳ ва Ӯзбекистон дар масъалаи интиқоли ҳудуди 20 фабрика дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, рушди содироти либоси Ӯзбекистон ба бозори Афғонистон ва фароҳамсозии заминаи сармоягузории муштарак дар тавлиди нах ба мувофиқа расидаанд.
Толибон ҳамчунин, иддао кардаанд, ки дар бораи кишти меъёрии пахта, коркард ва тавлиди нах, коркарди чарм, пахта ва кашмира аз Ӯзбекистон ва рушди саноати пӯшок дар Афғонистон бо ҳайати ӯзбекистонӣ гуфтугӯ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад