Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Кохи Сафед: Трамп дар нишасти сарони Гурӯҳи ҳафт дар Фаронса ширкат мекунад
Як мақоми Кохи Сафед эълом кардааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти сарони Гурӯҳи ҳафт (G7), ки дар Фаронса баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи чаҳоршанбе, 20-уми май гузориш дода, ки ин нишаст дар моҳи июн баргузор мешавад ва Трамп қарор аст дар он дар бораи мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат ва иноватсия сухан бигӯяд.
Бар асоси гузориш, Трамп қасд дорад дар ин нишаст дар бораи пайванди кумакҳои Амрико бо тиҷорат, тарвиҷи истифода аз абзорҳои ҳуши маснуъии сохти Амрико ва коҳиши нуфузи Чин бар занҷираҳои таъмини маводи маъдании ҳаётӣ суҳбат кунад.
Фаронса мизбони нишасти имсолаи Гурӯҳи ҳафт аст ва ин нишаст дар минтақаи сайёҳии Эвиан-ле-Бен дар наздикии кӯҳҳои Алп баргузор хоҳад шуд.
Баргузории ин нишаст ба рӯзҳои 15 то 17-уми июн барномарезӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад