Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Ироқчӣ аз пешрафт дар раванди музокирот хабар дод
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон аз пешрафти музокирот миёни Теҳрон ва Вашингтон хабар додааст.
Ироқчӣ рӯзи душанбе, 27-уми апрел дар сафараш ба Русия ин изҳоротро баён кардааст.
Ӯ гуфт: “Дар ҳар сурат, дар раванди музокирот пешрафтҳое сурат гирифт, аммо равишҳои нодуруст ва талаботи беш аз ҳадди Иёлоти Муттаҳида монеъ аз дастёбии даври қаблии музокирот ба ҳадафҳои худ шуд”.
Ироқчӣ афзудааст, ки Покистон нақши муҳимме дар миёнҷигарӣ барои музокироти Эрон ва Амрико ифо кардааст.
Вай бо ишора ба сафараш ба Покистон илова кард: “Мо ончӣ дар гузашта рух додаастро баррасӣ кардем ва дар бораи ин ки чигуна ва таҳти чӣ шароите музокирот метавонад идома ёбад, гуфтугӯ кардем”.
Вазири корҳои хориҷаи Эрон қарор аст имрӯз бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дидор кунад.
Пештар, расонаи хабарии амрикоии “Аксиос” гузориш дода буд, ки Эрон як пешниҳоди семарҳилаӣ барои идомаи музокирот бо Амрико ироа кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”