Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Намояндаи Эрон дар Созмони Милал: Дар сурати лағви муҳосираи Амрико омодаи музокира ҳастем
Амир Саид Ирвонӣ, намояндаи Эрон дар Созмони Милал, эълом карда, ки Теҳрон дар сурати лағви муҳосираи дарёӣ аз сӯи Амрико, омодаи идомаи музокирот аст.
“Ал-Ҷазира” рӯзи чаҳоршанбе, 22-уми апрел, гузориш додааст, ки Ирвонӣ дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфтааст Амрико бояд пеш аз оғози ҳар даври ҷадиди музокирот, “нақзи оташбас”-ро мутаваққиф кунад.
Ӯ таъкид кардааст, ки ба маҳзи лағви муҳосираи бандарҳои Эрон, даври баъдии музокирот миёни ду тараф дар Исломобод баргузор хоҳад шуд ва Эрон барои ҳар сенарияе омодагӣ дорад.
Намояндаи Эрон дар Созмони Милал гуфта, ки кишвараш оғозгари ҳеч иқдоми низомӣ набуда ва дар сурати тамоюли тарафи муқобил ба роҳҳалли сиёсӣ, Теҳрон омодаи гуфтугӯ аст.
Ӯ афзудааст агар масири ҷанг интихоб шавад, Эрон низ барои ҳар гуна рӯёрӯии эҳтимолӣ омода хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”