Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сарони давлатҳо аз намоишгоҳи Саммити минтақавии экологӣ дидан карданд
Имрӯз, 22-уми апрел Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ дар мавзӯи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” якҷо бо дигар сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммит боздид намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар намоишгоҳ павилиони Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст, ки саҳми кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи иқлим нишон медиҳад.
Бинобар иттилои Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, ба сарони давлатҳо дар павилиони Тоҷикистон оид ба мушкилоти ҷаҳонии обшавии пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳдошти муҳити зист, аҳамияту авлавияти гузариш ба “иқтисодиёти сабз” ва рушди экотуризм маълумот дода шуд.
Таъкид мегардад, ки дар гӯшаи Тоҷикистон гуногунии табиат ва мероси фарҳангии Тоҷикистон, анъанаҳо, ҳунарҳо ва санъат, ки робитаи амиқи мардумро бо муҳити зист инъикос мекунанд, мақоми хоса дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад