Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Файненшл Таймз: “Осори ҷанг алайҳи Эрон бар таварруми Амрико дар як шаб бартараф намешавад”
Рӯзномаи Файненшл Таймз (Financial Times) гузориш дода, ки ҷанг бо Эрон мавҷи ҷадиде аз таваррумро дар Амрико ба роҳ андохтааст, ки ҳатто пас аз поёни даргириҳо низ идома хоҳад ёфт.
Бар асоси ин гузориш, иқтисоддонҳо муътақиданд таъсири ин таваррум барои муддати тӯлонӣ боқӣ хоҳад монд ва фишори зиёде бар зиндагии амрикоиҳо, ба вижа дар остонаи интихоботи миёнадавраии Конгресс ворид мекунад.
Ин гузориш меафзояд: “Қимматӣ аз охири моҳи феврал ва бо оғози ҷанг шуруъ шуд ва ҳанӯз идома дорад”.
Файненшл Таймз ба нақл аз роҳбари Сандуқи байналмилалии пул навишт: “Мо дар масири хубе барои коҳиши таваррум ҳаракат мекардем, аммо ҳоло ба ақиб гаштем. Ҳатто агар ҷанг фардо тамом шавад, осори ҷаҳонии он дар як шаб аз байн нахоҳад рафт”.
Файненшл Таймз афзуд: “Буҳрон дар тангаи Ҳурмуз боис ба эҷоди камбуди сӯзишворӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шуда ва қимати нафтро башиддат боло бурдааст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад