Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Дар пайи даргирӣ миёни афроди Толибон бар сари конҳои тилло дар Бадахшони Афғонистон садҳо хонавода овора шудаанд
Манбаъҳои маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар хабар додаанд, ки дар пайи даргирӣ бар сари манбаъҳои маъдан ва конҳои тилло миёни афроди гурӯҳи террористии Толибон дар минтақаи (вулусволии) Ёвон, садҳо хонавода аз чандин русто овора шудаанд.
Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин даргирӣ рӯзи якшанбе, 12-уми апрел оғоз гардида ва инак як ҳафта аст идома дорад.
Сокинон меафзоянд, ки дар ҷараёни ин даргириҳо, чандин узви Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
Бар асоси иттилоот, ин танишҳо бар сари контроли кони тилло дар минтақа шакл гирифта ва миёни гурӯҳҳои мухталифи Толибон ҷараён дорад, ки дар рӯзҳои ахир ба гунаи чашмгире шиддат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз бошандагони рустои Шулири поён дар вулусволии Ёвони вилояти Бадахшон даст ба эътироз зада ва мегӯянд, ки идомаи даргириҳо сабаби тарс ва нигаронии шадид миёни ғайринизомиён шуда ва бисёре аз хонаводаҳо, ба вижа занон ва кӯдакон, ночор ба тарки хонаҳои худ шудаанд.
Бошандагони маҳал аз идомаи ноамнӣ ва бебусотӣ изҳори нигаронӣ карда ва хостори поёни даргириҳо ва таъмини амният дар минтақа шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад