“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Рейтерз: Осиёи Марказӣ ва Афғонистон воридоти сӯзишворӣ аз Русияро афзоиш доданд
Хабаргузории “Рейтерз” гузориш додааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар пайи коҳиши таъмини сӯзишворӣ аз Ховари Миёна, воридоти сӯзишворӣ аз Русия ва Белорусро афзоиш додаанд.
Ин хабаргузорӣ рӯзи чоршанбе, 15-уми апрел ба нақл аз манобеи тиҷорӣ гузориш дода, ки воридоти сӯзишвории ин кишварҳо дар се моҳи нахустини соли ҷорӣ беш аз 50 дарсад аз тариқи хатти оҳан афзоиш ёфтааст.
Бар асоси гузориш, маҷмуи воридоти сӯзишворӣ ба ин минтақа дар моҳҳои январ то март ба 3,347 миллион тон расидааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки пас аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бар маҳсулоти нафтии Русия дар соли 2023 Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба яке аз бозорҳои аслии содироти сӯзишвории Русия табдил шудаанд.
Рейтерз менависад, ин афзоиш дар ҳоле рух дода, ки маҳдудиятҳои содиротии Русия ва тағйири масирҳои энергетикӣ аз сӯи Маскав бар ҷараёни сӯхт дар минтақа таъсир гузоштааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид