3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:17, Душанбе
13.04.2026 10:24

Песков: “Сулҳи пойдор бо Украина замоне барқарор мешавад, ки манофеи Русия бароварда шавад”

Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремлин эълом кардааст, ки Русия хоҳони сулҳи пойдор бо Украина аст ва ин сулҳ замоне барқарор хоҳад шуд, ки манофеи ин кишвар бароварда шуда ва ҳадафи “амалиёти вижаи низомии Русия” татбиқ шавад.

Песков рӯзи якшанбе, 12-уми апрел дар мусоҳиба бо шабакаи “Вести” гуфта, ки украиниҳо пешниҳоди таваққуфи ҳамлаҳоро матраҳ кардаанд, аммо масъала сода аст ва Русия танҳо пас аз ба даст овардани манофеъ ва татбиқи аҳдофи худ ба дунболи сулҳи пойдор аст.

Сухангӯи Кремлин афзуда, ки ҳадафи амалиёти вижа аз ибтидо мушаххас буда ва ҳамчунон дунбол мешавад ва тағйироте дар мавозеи Русия эҷод нашудааст.

Даргириҳои Русия ва Украина аз феврали соли  2022 вориди марҳилаи густурдаи низомӣ шуда ва аз он замон то кунун, пешниҳодҳо ва талошҳои пайваста барои барқарории оташбас ироа шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.