Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мақомҳои Ӯзбекистон аз кашфи беш аз 190 килограмм чарс ба арзиши панҷ миллион доллар дар марз бо Афғонистон хабар доданд
Мақомҳои Ӯзбекистон эълом кардаанд, ки 191 килограмм чарс дар як бори қочоқ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон кашф ва мусодира шудааст.
Рӯзномаи «Уздейли” (UzDaily) рӯзи панҷшанбе, 9-уми апрел гузориш дода, ки ин маводи мухаддир дар гузаргоҳи марзии «Айритом» дар минтақаи Сурхандарё аз як мошини борбаре, ки аз Афғонистон ба сӯи Қазоқистон дар ҳаракат буд, мусодира гардидааст.
Тибқи гузориш, мошини ёдшуда ҳомили 750 деги бухор будааст, ки дар асноди расмӣ вазни маҷмуии он 4,1 тон сабт шудааст.
Дар идома омадааст, ки бозрасии дақиқтар нишон дода, бархе аз ин дегҳо сохтори дуқабата дошта ва маводи мухаддир дар он пинҳон карда шудааст.
Мақомҳо гуфтаанд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз дохили 210 дег кашф шуда ва арзиши он дар бозор беш аз панҷ миллион доллар ҳисоб мешавад.
Мақомҳои гумруки Ӯзбекистон афзудаанд, ки таҳқиқот дар ин замина идома дорад.
Ин дар ҳолест, гурӯҳи террористии Толибон ҳамвора иддао кардаанд, ки талошҳо барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистонро афзоиш додаанд, аммо дар айни ҳол бархе гузоришҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки шабакаҳои қочоқ ҳамчунон дар дохили Афғонистон фаъол боқӣ мондаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад