Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Пентагон барканории раиси Ситоди артиши Амрикоро таъйид кард
Вазорати ҷанги Амрико (Пентагон) барканории генерал Рэнди А. Ҷорҷ, раиси Ситоди артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ҳамзамон бо идомаи ҷанг алайҳи Эрон таъйид кард.
Шон Парнелл, сухангӯи Вазорати ҷанги Амрико, рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки генерал Рэнди Ҷорҷ “аз симати худ ба унвони 41-умин раиси Ситоди артиш бознишаста хоҳад шуд”.
Дар баёнияи Вазорати ҷанги Амрико, бидуни ишора ба далели ин барканорӣ, ки онро бознишастагӣ хондаанд, омадааст: “Генерал Рэнди А. Ҷорҷ бо асари фаврӣ аз симати худ ба унвони 41-умин раиси Ситоди артиш бознишаста хоҳад шуд. Вазорати ҷанг аз даҳсолаҳо хидмати генерал Ҷорҷ ба кишварамон сипосгузор аст. Барои ӯ дар давраи бознишастагӣ орзуи муваффақият дорем”.
Расонаҳои амрикоӣ эълом карданд, ки Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико ҳамзамон бо ҳамла ба Эрон, Рэнди Ҷорҷ, генерали олирутбаи артиши ин кишварро таҳти фишор қарор додааст, то ӯро ихроҷ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад