Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мертс: “Густариши ҷанг дар Ховари Миёна иқтисоди Аврупоро башиддат таҳти фишор қарор медиҳад”
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон бори дигар хостори поёни фаврии таҷовузи низомии Амрико ва Исроил алайҳи Эрон шуд ва ҳушдор дод, ки густариши ин ҷанг метавонад иқтисоди Аврупоро башиддат таҳти фишор қарор диҳад.
Мертс рӯзи душанбе, 30-уми март дар як конфронси хабарӣ дар Берлин изҳор кард: “Агар ин ҷанг ба як даргирии минтақавии бузург табдил шавад, ҳатто шадидтар аз давраи ҳамагирии КОВИД-19 ва марҳилаи оғози ҷанги Украина, Олмон ва Аврупоро таҳти фишор қарор медиҳад”.
Садри аъзами Олмон афзуд: “Умедворем роҳҳое барои поёни фаврии ҷанг пайдо кунем ва шояд дар ин бора бо Амрико ва Исроил гуфтугӯ кунем. Аммо фақат дар рӯзҳо ва шояд ҳафтаҳои оянда равшан хоҳад шуд, ки ин масъала то чӣ андоза имконпазир аст”.
Мертс ҳамчунин, гуфт, барномаи ҳастаӣ ва фаъолиятҳои минтақавии Эронро “сирфан бо абзорҳои низомӣ наметавон ҳаллу фасл кард”.
Садри аъзами Олмон рӯзи 27-уми март низ ҷанги таҷовузкоронаи Амрико ва Исроил алайҳи Эронро зери суол бурд ва гуфт, ки ин иқдом мунҷар ба муваффақият нахоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад