Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Боздошти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути Толибон тарс ва ноумедиро дар миёни сокинони Ҳирот афзоиш додааст
Манобеи маҳаллӣ дар Ҳирот ба рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон гуфтаанд, ки боздошти фаъолони шаҳрвандӣ тавассути гурӯҳи террористии Толибон нигарониҳоро дар миёни мардум афзоиш дода ва фазои тарс ва ноумедиро беш аз ҳар замони дигар густариш додааст.
Аз Ҳироти Афғонистон гуфтаанд, афзоиши боздоштҳои худсарона сабаб шудааст, ки мардум натавонанд дидгоҳҳои худро озодона баён кунанд ва сукут бар зиндагии рӯзмарраи онҳо соя афкандааст.
Онҳо таъкид мекунанд, ки дар набуди ҳақи озодии баён, мардум дар маҳфилҳои умумӣ ва ҳатто дар ҷамъомадҳои хонаводагӣ низ аз суҳбат дар бораи вазъияти ҷории Афғонистон худдорӣ мекунанд, зеро аз дидгоҳи онҳо ҳар гуна изҳори назар хатари боздоштро дар пай дорад.
Ба гуфтаи онҳо, илова бар боздошти афрод, фишорҳо бар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, хабарнигорон ва дигарон бештар шуда ва ҳар ҳаракат ё садои танқидӣ бо таҳдид ва пайгард рӯ ба рӯ мешавад.
Сокинони Ҳирот мегӯянд, ки мактабҳои духтарона панҷ сол аст баста монда ва талош барои ҳимоят аз ҳақи омӯзиши духтарон ҳамчунон саркӯб мешавад.
Дар тозатарин маврид, ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Ҳирот барои бозгушоии мактабҳо ва ҳимоят аз омӯзиши духтарон садо баланд карда буданд, тавассути гурӯҳи террористии Толибон боздошт шуда ва сипас озод шуданд.
Бошандагони Ҳирот ҳушдор медиҳанд, ки идомаи ин раванд на танҳо озодии баёнро маҳдудтар месозад, балки ҷомеаро дар вазъияти бад ва сардаргумии амиқ қарор дода ва умеди мардум ба беҳбуди шароитро башиддат коҳиш медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд