Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Намояндаи воломақоми Англия дар бораи истифодаи пойгоҳҳои ин кишвар аз ҷониби Амрико алайҳи Эрон тавзеҳ хост
Ричард Берген, намояндаи болоии Ҳизби коргари Англия, дар номае ба Кийр Стармер, нахуствазири ин кишвар, хостори ироаи тавзеҳ дар бораи мабнои ҳуқуқӣ ва истифодаи Иёлоти Муттаҳида аз пойгоҳҳои низомии Англия барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи Эрон шуд ва нисбат ба паёмадҳои ҳуқуқӣ ва амниятии ин иқдом ҳушдор дод.
Берген дар ин нома, ки нусхае аз онро дар шабакаи “Икс” нашр кардааст, бо ишора ба тасмими давлат барои иҷоза додан ба Амрико ҷиҳати истифода аз пойгоҳҳои низомии Англия дар амалиёти низомӣ алайҳи Эрон, ин мавзуъро “масъалаи бисёр ҷиддӣ бо паёмадҳои амиқи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва амниятӣ” тавсиф кард ва хостори шаффофсозии давлат дар бораи мизон ва чаҳорчӯби иштироки Лондон дар ин иқдомот шуд.
Ӯ бо ишора ба ин ки ин мавзуъ пештар дар ҷаласаи дувуми март дар Маҷлиси авом матраҳ шудааст, навиштааст, ки дар ҳамон ҷаласа мухолифати худро бо тасмими давлат барои иҷозаи истифода аз пойгоҳҳои Англия дар ин муноқиша эълом карда ва ҳушдор додааст, ки густариши тадриҷии маъмуриятҳо метавонад марзи миёни иқдомҳои “дифоӣ” ва “таҳоҷумӣ”-ро аз миён бардорад ва хатари кашида шудани Англия ба як даргирии густардатар дар Ховари Миёнаро афзоиш диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад