4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:11, Душанбе
10.03.2026 16:01

«Ассошиэйтед Пресс»: Ҷанг бо Эрон зарбаи сахте ба иқтисоди ҷаҳонӣ ворид мекунад

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” дар гузориши таҳлилӣ навишт, ки таҷовузи амрикоӣ-исроилӣ ба Эрон, ки шанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд, таъсири бисёр харобкунандае бар иқтисоди ҷаҳонӣ гузоштааст.

Таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзҳои ахир сабаби афзоиши қимати энергия, камбуди маводи ғизоӣ ва контролли таваррум барои бонкҳо мушкил шудааст. Баста шудани тангаи Ҳурмуз дар пайи ин ҷанг яке аз далелҳои аслии мушкилоти иқтисодӣ дар ҷаҳон аст.

Морис Обстфелд, пажӯҳишгари аршади Муассисаи иқтисоди байналмилалии “Питерсон” ва иқтисоддони аршади пешини Сандуқи байналмилалии асъор дар ҳамин иртибот гуфт:

“Мо муддатҳо пеш дар ин орзу ба сар мебурдем, ки бо оғози ҷанг тангаи Ҳурмуз баста шавад ва акнун дақиқан дар миёни ин орзу ҳастем”.

“Ассошиэйтед Пресс” дар идома навишт, ки бо баста шудани яке аз масирҳои аслии киштиронӣ дар ҷаҳон қимати нафт ҷаҳиши чашмгире доштааст: аз ҳудуди 70 доллар барои ҳар бушка ба ҳудуди 120 доллар расид ва сипас, ба ҳудуди 90 доллар коҳиш ёфт. Қимати бензин низ ба дунболи қимати нафт афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо