Илон Маск дар бораи Толибон: “Вазъи занону духтарон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бисёр нигаронкунанда аст”
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Давлати Амрико бо давр задани Конгресс ба Исроил ҷангафзор мефурӯшад
Дафтари корҳои сиёсӣ-низомии Вазорати корҳои хориҷии Амрико фурӯши силоҳ ба Исроилро ба арзиши 151 миллион доллар таъйид кард ва ба ин тартиб давлати Трамп Конгрессро барои таъйиди ин фурӯш давр зад.
Дар ҳоле, ки таҷовузи ваҳшиёнаи Амрико ва Исроил ба хоки Эрон идома дорад, Вазорати корҳои хориҷии Амрико дирӯз (ҷумъа) фурӯши 12 ҳазор бомбаи 450-килоӣ ба ҳамдасти исроилии худро таъйид кард.
Хабаргузории “Франс пресс” бо эъломи ин хабар ба нақл аз баёнияи дафтари сиёсӣ-низомии Вазорати хориҷаи Амрико афзуд: “Ин фурӯш тавоноии Исроилро барои муқобила бо таҳдидҳои феълӣ ва оянда афзоиш медиҳад, дифои миллии онро тақвият мекунад ва ҳамчун омили боздоранда дар баробари таҳдидҳои минтақавӣ амал мекунад”.
Ин гузориш гувоҳи он аст, ки илова бар муҳиммот, ин қарордод хадамоти муҳандисӣ, пуштибонӣ ва кумакҳои фаннии давлати Иёлоти Муттаҳида ва ширкатҳои паймонкорро низ шомил мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад
Илон Маск дар бораи Толибон: “Вазъи занону духтарон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бисёр нигаронкунанда аст”
Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд
Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд