Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
07.03.2026 11:05
Блумберг: Эрон радари калидии сомонаи “Тод”-и Амрико дар Урдунро нобуд кард
Блумберг ба нақл аз яке аз мақомҳои амрикоӣ таъкид кард, ки Эрон дар рӯзҳои оғозини ҷанг муваффақ шуд як радари мутаҳаррики “AN/TPY-2”, аз аҷзои аслии сомонаи дифои мушакии “Тод” (THAAD)-ро дар пойгоҳи ҳавоии “Муваффақ Салоҳӣ” дар Урдун ҳадаф қарор дода ва нобуд кардааст.
Ин системаи радарии ҳушдори зудҳангом ба гунае тарроҳӣ шуда, то таҳдидҳоро дар фосилаҳои бисёр дур шиносоӣ кунад, аммо диққати лозим барои ҳидояти таслиҳотро надорад ва Амрико аз он фақат ҳашт сомона дорад, ки 2 сомонаи он тавассути Теҳрон нобуд шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
29.09.2026 17:39
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 17:19
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Ҳукумати Британияи Кабир аз имрӯз, сешанбе, 29-уми сентябр, таҳримҳои нави худ алайҳи Эронро, ки қаблан эълом карда буд, ба иҷро гузошт.
29.09.2026 17:04
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия мегӯяд, неруҳои ин кишвар ду шаҳраки дигар - Веселое Поле дар вилояти Донетск ва Крейдянка дар вилояти Харковро таҳти назорат гирифтаанд.
29.09.2026 16:48
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 11:03
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Шамила Чудрӣ ва Калин Ҷексон, раисони муштараки “Комиссияи баррасии ҷанги Афғонистон”, бо Осим Мунир, раиси Ситоди артиши Покистон, дидор кардааст.
29.09.2026 10:48
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 09:10
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
28-уми сентябр дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона анҷом дод.
29.09.2026 07:07
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 17:21
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, Украина барои ҳамлаҳои ахираш ба зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти саноатии Русия “посух хоҳад дод”.