4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:11, Душанбе
06.03.2026 11:28

Расонаи ҷопонӣ: Ҳамлаи “девонавор”-и Трамп ба Эрон диктатории бе ниқоби Ғарб аст

Як расонаи саршиноси ҷопонӣ бо интишори ёддошти тунд, ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон ва терори раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эронро иқдоми “ҷунуномез” ва “девонавор” ва диктатории бе ниқоби Ғарб тавсиф кард ва давлати Токиёро ба далели ҳамроҳии кӯркӯрона бо Вошингтон ва пазириши заминаи амалиёт алайҳи раҳбарони сиёсии Эрон, башиддат мавриди интиқод қарор дод.

Ин расонаи ҷопонӣ бо ишора ба рафтори риёкоронаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки пас аз ин ҳамла аз эрониҳо хостааст, то “ба по хезанд”, навишт: “Ӯ дар ҳоле ин шиорҳоро сар медиҳад, ки бо нодида гирифтани тамомии қонунҳои байналмилалӣ, ногаҳон тасмим ба иҷрои амалиёт алайҳи раҳбарони сиёсии як кишвари дигар гирифта аст: рафторе ҷунуномез, ки тамом ҷаҳонро дар ваҳшат фурӯ бурда аст”.

Рӯзномаи “Чугоку Шимбун” (Chugoku Shimbun) дар бахши дигаре аз ин ёддошт, бо интиқоди тунд аз амалкарди давлати Санаэ Такаити, сарвазири Ҷопон навиштааст: “Дар ҳоле, ки кишварҳои аврупоӣ ба судури баёнияҳои маҳкумият рӯй овардаанд, вазирони давлати Ҷопон дар иқдоми шармовар ва зудҳангом, ҳимояти худро аз Трамп эълом карда ва мояи инзивои Ҷопон дар ҷаҳон шудаанд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо