Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Таҳлилгари рус: “Ҳамла ба Эрон поёни шармоваре барои Трамп хоҳад дошт”
Алексей Ярошенко, раиси Маркази тахассусии равандҳои сиёсии Русия бо ишора ба ягонагӣ ва ваҳдати миллати Эрон дар пайи оғози таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон, гуфт: “Бар хилофи интизори Вашингтон, ин амалиёти низомӣ поёни шармоваре барои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико хоҳад дошт”.
Вай изҳор кард: “Пас аз иқдоми Вашингтон ва Тел-Авив ба террори Оятуллоҳ Хоманаӣ (раҳбари шаҳиди Инқилоб), садҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон барои сӯгворӣ ба хиёбонҳо омаданд ва ин баёнгари шикасти тарҳи ҳамлаи раъдоосои Амрико буд”.
Ин таҳлилгари рус тасреҳ кард: “Амрикоиҳо тасаввур мекарданд, ки бо террори раҳбари олии Эрон ҳукумат суқут хоҳад кард, аммо натиҷа баръакс шуд ва ҷомеаи Эрон субот ва иттифоқи худро нишон дод.
Ярошенко дар идома бо ишора ба иқдомҳои Амрико ва Исроил дар ҳадаф қарор додани ғайринизомиён, ба вижа ҳамла ба мадрасаи духтаронаи Миноб, ки бар асари он 165 кӯдак ҷон бохтанд, гуфт: “Ин иқдомҳо эътирозҳое дар Амрико барангехтааст ва бидуни шак бо идомаи раванди ҷанг, мавҷи эътирозгарон ба иқдомҳои ҷангафрӯзонаи Трамп афзоиш хоҳад ёфт”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд