Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Узви Маҷлиси Хибрагони Эрон: “Муддати замони раванди интихоби раҳбари нав мушаххас нест”
Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнӣ узви комиссияи 109-и Қонуни асосии Маҷлиси Хибрагони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо расонаи “ИРНА” бо баёни ин ки ҳанӯз мушаххас нест раванди интихоби раҳбари нав чӣ қадар давом мекунад, гуфтааст: “Ин мавзуъ ниёзманди баррасии маҷмуаи шароит ва машваратҳое аст, ки муҳайё шавад ва ин амр анҷом хоҳад шуд”.
Ба назари ӯ Комиссияҳои 109 ва 111-и Қонуни асосии Маҷлиси Хибрагони Эрон ва як ҳайати сенафара низ дар хусуси шиносоии афроди мавриди шароит кори худро анҷом медиҳанд.
“Нуктаи аслӣ ин аст, ки Маҷлиси Хибрагон бояд ҷаласа ташкил диҳад ва касоне, ки назди аъзои ин маҷлис афзалият доранд, муаррифӣ шаванд то раъйгирӣ сурат гирад.
Хибрагон раъй медиҳанд ва фарди мунтахаб бояд бо касби аз се ду ҳисса ва бештари овоз, масъулияти раҳбариро бар уҳда мегирад.
Дар давраи сеюми ҳузури худам дар Хибрагон шоҳид будаам, ки ин ҷамъ бисёр маъқул, фаҳим, оқил, мутадайин ва фозил ҳастанд ва дар воқеъ Хибрагон ба намояндагӣ аз мардум, интихоби раҳбарро анҷом медиҳанд” – мегӯяд ин узви Маҷлиси Хибрагон.
Вай изҳор намуд: “Бо шароити феълӣ ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ гуна ин кор анҷом мешавад, вале феълан Шурои муваққати раҳбарӣ ташкил шудааст, то халоӣ дар раванди умури мамлакат эҷод нашавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”