4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:10, Душанбе
02.03.2026 12:22

Эътирофи Артиши Исроил: раҳгирии мушаки Эрон мумкин набуд

Артиши режими Исроил эътироф кард, ки раҳгирии мушаке, ки Неруҳои мусаллаҳи Эрон асри якшанбе ба Бейт Шемеш дар ғарби шаҳри Қудси ишғолӣ шиллик кард, мумкин набудааст.

Фармондеҳии ҷабҳаи дохилии Артиши Исроил дар як баёнияи расмӣ эълом кард, ки артиши ин режим тамоми талоши худро барои мутаваққиф кардани мушаки эронӣ, ки Бейт Шемешро мавриди ҳадаф қарор дод, ба кор гирифт, аммо натавонист бо он муқобила кунад.

Ба назар меояд Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳангоми ҳадаф қарор додани Бейт Шемеш дар ғарби шаҳри Қудси ишғолӣ, фақат як мушак шиллик кардаанд ва бо ин вуҷуд падофанди ҳавоии Исроил имкони муқобила бо онро надоштааст.

Тибқи охирин иттилооти мунташиршуда дар расонаҳои ибризабон, дар асари задани мушаки Эрон ба шаҳри Бейт Шемеш дар ғарби Қудси ишғолӣ, дастикам 9 нафар кушта ва беш аз 40 нафар захмӣ шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо