4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:12, Душанбе
02.03.2026 09:56

“Ҳааретс”: Исроил наметавонад ҷанги тӯлонӣ бо Эронро таҳаммул кунад

Рӯзномаи исроилии “Ҳааретс” дар гузориши таҳлилӣ ба буҷаи режими Исроил дар ҷанг бо Эрон пардохт ва эътироф кард, ки режими Исроил наметавонад ҷанги тӯлонӣ бо Эронро таҳаммул кунад.

“Ҳааретс” мақолаи худро бо ин ҷумла оғоз кард: “Дуруст аст, ки исроилиҳо хоҳони пирӯзии комил бар Эрон ҳастанд, аммо пеш аз он лозим аст хисоротеро, ки фақат ҳашт моҳ пеш Исроил дар охирин ҷанг бо Эрон мутаҳаммил шуд, ба ёд овард”.

Дуруст аст, ки Амрико дар ин амалиёт ба сурати комил мушорикат дорад ва қудрати (режими) Исроилро тақвият мекунад, ин мавзуъ як мазияти стратегияи муҳим барои Исроил аст. Бо ин вуҷуд ҳанӯз пурсишҳои ҷиддӣ дар мавриди омодагии Исроил барои як ҷанги тӯлонимуддат, фишор бар исроилиҳо ва худдории бархе аз эъзом ба ҷанг вуҷуд дорад.

Ҳамчунин, бояд ба исроилиҳо ёдоварӣ шавад, ки ҷанги кунунӣ ба интихоби Исроил ва фақат ҳашт моҳ пас аз иддаои Бинёмин Нетаняҳу мабнӣ бар пирӯзӣ дар амалиёти пешин оғоз шудааст.

“Ҳааретс” дар интиҳо навишт: “Барои дастёбӣ ба аҳдофи ҷанг алайҳи Эрон, аз байн бурдани таҳдид ва афзоиши амният, ин ҳамла бояд бо як сиёсати масъулона, ки аз назари замон ва аҳдоф маҳдуд аст, ҳамроҳ бошад. Бояд муроқиб буд, ки ба як ҷанги тӯлонӣ кашида нашавем ва ба ғайринизомиён осеби ғайризарурӣ нарасонем: ҳатто дар Эрон. Муҳимтар аз ҳама бояд муроқиб буд, ки дубора ҷабҳаи дохилӣ ба ҳоли худ раҳо нашавад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо