Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Дар пайи кушта шудани Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Эрон 40 рӯз мотами миллӣ эълон карда шуд. Баёнияи Ҳайати давлати Эрон
Расонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари Инқилоби Исломии Эрон хабар доданд ва дар пояи он баёнияи Ҳайати давалти Эронро нашр карданд, ки лаҳзае пеш ироа гардидааст.
Дар баёнияи Ҳайати давлати Эрон, аз ҷумла 40 рӯз мотами миллӣ ва 7 рӯз таътил эълон карда шудааст.
Баёнияи Ҳайати давлати Эрон:
“Мардуми шариф ва сарафрози Эрон!
Бо камоли таассуф ва таассур ба иттилоъ мерасонад дар пайи ҳамлаи сабъонаи давлати ҷиноятпешаи Амрико ва режими манҳуси саҳюнистӣ, усваи имон ва ҷиҳод ва муқовимат, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳулузмо Имом Хоманаӣ ба файзи бузурги шаҳодат расид. Халафи солеҳи Руҳуллоҳ, ки дар беш аз 37 сол раҳбарии доҳиёна пештозӣ ва парчамдории воқеии ҷабҳаи Исломро уҳдадор шуд ва бо шуҷоати мисолзаданӣ ва имони росихи худ фасли навине аз ҳукмрониро дар таърихи Ислом рақам зад ва то охирин лаҳзаи ҳаёти муборак ва таърихсози худ дар баробари куфр ва тоғут ва истикбор роҳбарии уммати Исломиро уҳдадор буд. Шаҳиди сарафроз Ҳазрати Оятуллоҳулузмо Имом Хоманаӣ усваи исор ва муқовимат дар асри ҳозир, “Имоми ваъдаҳои содиқ, Имоми умед ва иқтидор” дар азҳони озодагон, мустазъафон ва муҷоҳидони ҷаҳон буд ва то абад дар канори номи “Хумайнии кабир” дар қулуби миллатҳои ҷаҳон ҷовидон хоҳад монд. Ҷомеият ва тасаллут бар улуми рӯз, хирадмандӣ, дурандешӣ, имони ноб, ихлос дар амал, иродаи пӯлодин, боварии жарф ба гуфта ва амал ва ҳадафи худ, шуҷоати беназир, дониши густардаи динӣ, руҳи латиф ва зулол ва умед ва эътимод ба Парвардигори мутаъол аз хусусиёти барҷастаи ин шахсияти азимушшаън буд, ки дар камтар раҳбари сиёсӣ метавон суроғ гирифт.
Ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ин зоиаи бузургро ба Ҳазрати Бақиятуллоҳил-аъзам арвоҳано фидоҳ, миллати шарифи Эрон ва уммати бузурги Исломӣ ва ҳамаи озодагон ҷаҳон таслият арз мекунад ва зимни ҳамдардӣ бо миллати рашиди Эрон 40 рӯз мотами умумӣ ва 7 рӯзро таътили умумӣ эълом мекунад.
Ин ҷинояти бузург ҳаргиз беҷавоб нахоҳад монд ва барги тозае аз таърихи ҷаҳони Ислом ва ташайюъро рақам хоҳад зад. Хуни поки ин сайиди олимақом чунон чашмае хурӯшон хоҳад ҷӯшид ва зулм ва ҷинояти амрикоӣ-саҳюниро решакан хоҳад сохт. Ин бор низ бо тамоми қудрат ва салобат, ба пуштгармии уммати Исломӣ ва озодагон ҷаҳон омилион ва омирони ин ҷинояти бузургро пушаймон хоҳем сохт.
Эрони азизи мо ба пуштвонаи нусрати илоҳӣ, яксадо ва якдил, бо сарбаландӣ аз ин гузаргоҳи сахт убур хоҳад кард, ки Худованд дар камини душманони ситамкори мо ва ёригари мӯъминон ва ситамдидагон аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”