30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 00:31, Душанбе
28.02.2026 15:30

Сипоҳи посдорони Эрон: Пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа ҳадаф қарор гирифтанд

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар эъломияи №2 хабар дод, ки маҳалли новагони панҷуми Неруҳои дарёии Артиши Амрико дар Баҳрайн ва дигар пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа ҳадаф қарор гирифтанд.

Ба гузориши “Ирна”, дар эъломияи №2-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ пас аз оғози амалиёти “Ваъдаи содиқ 4” дар посух ба таҷовузи амрикоӣ-исроилӣ омадааст: “Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо эъломи оғози амалиёти “Ваъдаи содиқ 4” дар посух ба таҷовузи амрикоӣ-саҳюнистӣ ба хоки Эрон, мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Сипоҳ мақарри новагони панҷуми Неруҳои дарёии Артиши Амрико дар Баҳрайн ва дигар пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Қатар ва Амороти Муттаҳида ва ҳамчунин, марказҳои низомӣ ва амниятӣ дар қалби заминҳои ишғолшударо мавриди ҳадафи сахт қарор доданд”.

Дар идомаи ин эъломия омадааст: “Бархӯрд бо таҷовузи артиши ҷинояткори Амрико ва режими кӯдаккушони саҳюнистӣ бо ёрии Худо бо анҷоми марҳилаи аввалини амалиёти “Ваъдаи содиқ 4”, бо ҳамлаҳои фарогири Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳадафҳои минтақавии душмани таҷовузкор оғоз ёфт”.

Дар идомаи ин эъломия омадааст: “Ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон идома доранд ва маълумоти иловагӣ баъдан эълон хоҳад шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.