Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Кумитаи муҳофизат аз рӯзноманигорон: 129 хабарнигор дар саросари ҷаҳон дар соли 2025 кушта шуданд
Кумитаи муҳофизат аз рӯзноманигорон (CPJ) эълом кардааст, ки дар соли 2025, 129 хабарнигор ва фаъоли расонаӣ дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд.
Хабаргузории Фаронса рӯзи чоршанбе, 25-уми феврал гузориш додааст, ки Исроил масъули аз се ду ҳиссаи марги хабарнигорон дар ҷаҳон шинохта шуда ва беш аз 90 дарсади қурбониён фаластинӣ буданд, ки ахбори Навори Ғаззаро инъикос мекарданд.
Артиши Исроил мегӯяд хабарнигорон ба таври амдӣ ҳадаф қарор нагирифтаанд.
Гузориши Кумита нишон медиҳад, ки баш аз се чор ҳиссаи ин талафот дар бистари даргириҳои мусаллаҳона рух дода ва истифода аз ҳамлаҳои паҳподӣ алайҳи хабарнигорон афзоиши чашмгире дошта аст.
Аз ҷумла 39 ҳамлаи паҳподӣ, 28 маврид ба Исроил дар Ғазза ва 5 маврид ба неруҳои пуштибонии сареъ дар Судон нисбат дода шудааст.
Дар Украина низ чаҳор хабарнигор дар ҳамлаҳои паҳподҳои низомии Русия кушта шуданд, ки болотарин омори солона аз замони кушта шудани 15 хабарнигор дар 2022 аст.
Ин кумита ҳушдор дода, ки хабарнигорон беш аз пеш дар маърази хатар қарор доранд.
Ҷудӣ Гинзберг, мудири иҷроии Кумитаи муҳофизат аз рӯзноманигорон, гуфта аст: “Вақте хабарнигорон ба далели пӯшиши хабарии худ кушта мешаванд, ҳамаи мо дар маърази хатар қарор мегирем”.
Ҳамчунин, марги хабарнигороне дар Мексика, Филиппин, Ҳинд, Банглодеш ва Перу ба далели пӯшиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта сабт шуда аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад