4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:11, Душанбе
25.02.2026 17:08

Вокуниши ҳайати намояндагии Конгресс ба изҳороти Трамп: мардуми Амрикоро гумроҳ накунем

Маҷмаи намояндагони иёлати Гавайи дар Конгресси Амрико дар вокуниш ба суханронии солонаи Доналд Трамп, президенти Амрико аз ӯ ба далели вазъияти иқтисодии кишвар интиқод карданд ва хостанд бо изҳороти ба зоҳир зебо, аммо бо камбуди барнома, мардуми ин кишварро гумроҳ накунад.

Расонаи “Гавайи Нюз” (Hawaii News) навишт: “Ҷилл Токуда (Jill Tokuda) намояндаи демократ аз иёлати Гавайи дар вокуниш ба суханронии Доналд Трамп дар Конгресси Амрико гуфт: Биёед, мардуми Амрикоро гумроҳ накунем”.

Ин расона афзуд: “Бо вуҷуди суханронии рекордшикани Трамп дар Конгресси Амрико, ки 108 дақиқа тӯл кашид, ин намояндаи Конгресс узви ҳайати намояндагӣ аз иёлати Гавайи гуфт, фикр мекунад, ки Трамп матолиби зиёде ироа надодааст”.

Токуда гуфт: “Биёед Амрикоро бо изҳороти зебое, ки хуб ба назар мерасанд, аммо ҳеч санаде, ҳеч манбае ва ҳатто ҳеч барномае барои пуштибонӣ аз он надоранд, гумроҳ накунем”.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо