4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:29, Душанбе
24.02.2026 08:22

Ҳушдори артиши Амрико ба Трамп: паёмадҳои ҷанг бо Эрон ҷуброннопазир аст

Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико дар бораи паёмадҳои ҷуброннопазири ҳар гуна ҷанг бо Эрон ба Доналд Трамп ҳушдор додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Axios” раиси Ситоди муштараки артиши Амрико дар тавсияе ба Доналд Трамп дар бораи паёмадҳои ҷуброннопазири ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ҳушдор додааст.

“Axios” дар идомаи гузориши худ овардааст, ки Трамп ба як тими кучак ихтиёр додааст, то вазъияти Эронро баррасӣ карда ва гузинаҳоеро, ки ӯ битавонад ба кор гирад, ироа диҳанд.

Ин гузориш сареҳан баён кардааст, ки Трамп исрор варзидааст, Уиткофф ва Кушнер музокироти бештаре бо Эрон анҷом диҳанд, то итминон ҳосил шавад, ки тамоми роҳҳои мумкин озмуда шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо