Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
19.02.2026 10:13
Созмони Милал: Селҳои ногаҳонӣ дар Афғонистон дар соли 2025 ба беш аз 31 ҳазор тан зарар расонд
Барномаи маскуншавии башари Созмони Милал мегӯяд, ки беш аз 31 ҳазор тан дар соли 2025 дар пайи селҳои ногаҳонӣ зарар дидаанд.
Ин барнома рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал дар паёме афзудааст, ки ин афрод дар 28 вилоят зарар дидаанд.
Ба гуфтаи ин барнома, тағйирёбии иқлимӣ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст.
Барномаи маскуншавии башари Созмони Милал таъкид кардааст, ки зерсохтҳо бояд тобовар бошанд.
Ин барнома изофа кардааст: “Талошҳои мо барои сохт ва зерсохтҳои муқовим дар баробари ҳодисаҳо, таъсири пойдор дар маҳал бар ҷой мегузорад”.
Ниҳодҳои мухталифи Созмони Милал ҳушдор додаанд, ки тағйироти иқлимӣ дар Афғонистон таъсирҳои харобиовар бар буҳрони башарии ин кишвар афзудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
02.11.2026 16:57
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Имрӯз, 2-юми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.
02.11.2026 16:56
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Конор Макгрегор, собиқ чемпиони UFC дар ду вазн хабар дод, ки бори охир бо қоидаҳои муҳорибаҳои омехта рақобат карда, сипас, корномаашро ҷамъбаст мекунад.
02.11.2026 15:32
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Александр Огородников, сафири ғайримуқими Беларусия дар умури Афғонистон рӯзи яшанбе эътимодномаи худро ба Мулло Ҳасан Охунд, раиси ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон супурд.
02.11.2026 14:52
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои солҳои 2026-2030 нақшаи сармоягузорӣ ба маблағи 900 миллион долларро таҳия мекунанд.
02.11.2026 14:36
Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26
Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад
Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10
Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24
Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43
Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25
Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?
Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.