14 Ноябр 2026,
шанбе, 17:15, Душанбе
16.02.2026 19:09

Песков: “Музокироти Женева дар бораи Украина густардатар аз нишасти Абузабӣ хоҳад буд”

Сухангӯи Кремлин эълом кард: “Даври нави музокироти сегонаи Русия, Амрико ва Украина дар Женева, ки қарор аст фардо ва пасфардо (17-ум ва 18-уми феврал) дар Женева баргузор шавад, доираи васеътаре аз мавзуъҳоро нисбат ба музокироти ин се кишвар дар Абузабӣ дар бар хоҳад гирифт ва ба ҳамаи масоили калидӣ, аз ҷумла масоили марбут ба қаламрави сарзамин пардохта хоҳад шуд”.

Ба гузориши хабаргузории расмии кишвари Русия - ТАСС, Димитрий Песков рӯзи душанбе дар посух ба пурсиши хабарнигорон афзуд: “Ин бор, мо қасд дорем доираи васеътаре аз масоил, аз ҷумла масоили калидӣ, ки ҳам марбут ба қаламрав ва ҳам ҳар мавзуи дигаре аст, мавриди баҳс қарор диҳем. Ин масъалаҳо дар воқеъ марбут ба хостаҳои мо (тарафи русӣ) ҳастанд”.

Вай дар посух ба пурсиши дигаре низ таъкид кард: “Ҳамон гуна ки Владимир Путин, президенти Русия қабл ва дар замони баргузории музокироти ахири сегона дар Абузабӣ баён кард, Владимир Мединский ёрдамчии вай ҳамчунон раиси ҳайати музокиракунандагони ин кишвар дар бораи Украина аст”.

Сухангӯи Кремлин гуфт: “Мединский дар музокироти баргузоршуда дар Абузабӣ ширкат накард, чаро ки баҳс дар он гуфтугӯҳо ба таври хос бар масоили амниятӣ мутамарказ буд, масоиле ки ба шакли мустақим бар артиш таъсир мегузоштанд”.

Вай афзуд: “Бинобар ин, тими музокиракунандаи Русия дар Абузабиро Игор Костюков, сардори Раёсати асосии иктишофии Ситоди кулли Неруҳои Мусаллаҳи Русия мудирият мекард ва ин гурӯҳ муташаккил аз кормандони низомӣ буд”.

Песков тасреҳ кард: “Қарор аст дар Женева дар бораи доираи васеътаре аз мавзуъҳо баҳс шавад, бинобар ин, ҳузури як музокиракунандаи аршади русиягӣ, яъне Мединский зарурӣ аст”.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард:  “Президенти Русия қабл аз парвози ҳайати русӣ ба Женева, дастурамалҳои дақиқе ба онҳо додааст ва дар тамоси пайваста бо музокиракунандагони ин кишвар аст”.

Бино ба ин гузориш, даври наве аз музокирот дар мавриди ҳаллу фасли Украина рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе (17-ум ва 18-уми феврал) дар Женева баргузор хоҳад шуд.

Бино бар эъломи Кремлин, ҳайати русӣ ба раёсати Мединский, ёрдамчии президенти Русия ва бо ҳузури Костюков, Сардори Сарраёсати Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ва Михаил Галузин, муовини Вазири корҳои хориҷаи ин кишвар дар ин музокирот ҳузур хоҳад ёфт.

Нахустин давр аз гуфтугӯҳои амниятии сегона бо ҳузури намояндагони Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида 23-ум ва 24-уми январ дар Абузабӣ баргузор шуда буд.

Даври дувуми ин музокироти сегона 4-ум ва 5-уми феврал дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шуд.

Сухангӯи Кремлин дар посух ба пурсиши дигаре дар бораи иддаои Сарвазири Словакия оиди ин ки Украина ба далели мухолифати Маҷористон бо хосташ барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ба дунболи боҷгирӣ аст, гуфт: “Мо бо ин суханон комилан мувофиқ ҳастем, дар воқеият ҳамин тавр аст ва тафсири иқдомоти Киев ба равиши дигаре ғайримумкин аст”.

Бино ба гузориши ин хабаргузории давлатии Русия, Владимир Зеленский президенти Украина 14-уми феврал, дар Конфронси амниятии Мюнхен, “ба таври номуносибе ба сарвазири Маҷористон тавҳин кард”.

Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон низ дар посух ба изҳороти Зеленский эълом кард, ки Украина ба Иттиҳоди Аврупо нахоҳад пайваст.

Сарвазири Маҷористон пеш аз ин низ борҳо эълом карда буд, ки бо пазируфти таъҷилии Украина дар Иттиҳоди Аврупо мухолиф аст ва назари мардуми худро зикр кардааст. Ӯ ҳамчунин, ҳушдор дод, ки давлаташ алайҳи ҳамлаҳои сиёсӣ ва дахолати Зеленский дар интихоботи Маҷористон, мавзеи худро дар ин маврид тағйир нахоҳад дод.

Пеш аз ин, бархе манобеъ дар санъати нафт, ки ба номи онҳо ишора нашуда ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ки ширкате ки транзити нафтро аз тариқи хоки Украина анҷом медиҳад, аз шуруъи муҷаддади таҳвили нафти хом ба Словакия ва Маҷористон худдорӣ мекунад.

Ба гуфтаи ин манобеъ, вазъияти изтирорӣ дар истгоҳи интиқоли нафт 6-уми феврал ба поён расидааст, аммо ирсоли нафт ҳанӯз аз сар гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷаи Маҷористон, Зеленскийро муттаҳам кард, ки ба Киев дастур додааст, то таҳвили нафти Русия ба Маҷористон аз тариқи хати лӯлаи “Дружба”-ро масдуд кунад ва пеш аз интихоботи парлумонӣ барои давлати Будапешт мушкил эҷод кунад.

Хати лӯлаи “Дружба”, ки ба маънои “дӯстӣ” аст, тӯлонитарин хати лӯлаи нафти ҷаҳон ва яке аз бузургтарин шабакаҳои интиқоли нафти хом аст, ки нафти Русияро ба Аврупо мунтақил мекунад. Шохаи ҷанубӣ -  яке аз ду шохаи ин хати лӯла  аз тариқи хоки Украина ба кишварҳои Маҷористон, Словакия ва Ҷумҳурии Чехия интиқол мешавад.

Интиқоли нафти Русия аз тариқи ин хати лӯла ба дунболи ҳолати ҷанг, ки чаҳор сол аз оғози он мегузарад, бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст. Кишварҳое монанди Маҷористон ҳамчунон, бар истифода аз ин хати лӯла барои воридоти нафти Русия таъкид доранд, дар ҳоле ки Иттиҳоди Аврупо ба дунболи коҳиши вобастагӣ ба он аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.