Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Қазоқистон ба Созишномаи Иброҳим пайваст. Нетаняҳу ба Қосим-Жомарт сипосгузорӣ намуд
Қазоқистон тасмим гирифт ба Созишномаи Иброҳим ҳамроҳ шавад. Дар робита ба ин, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барои ин қарор изҳори сипос кардааст. Дар ин бора расонаҳои расмии Қазоқистон, аз ҷумла “Акорда” иттилоъ медиҳанд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бо ташаббуси ҷониби Исроил миёни Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ва Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил суҳбати телефонӣ баргузор гардидааст. Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо бо қаноатмандӣ сатҳи баланди рушди ҳамкории тӯлонӣ ва бисёрҷанбаи Қазоқистон ва Исроилро таъкид намудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати амиқтар кардани ҳамкориҳо дар доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба тасдиқ кардаанд.
Дар ҷараёни ин суҳбат Бенямин Нетаняҳу ба таври махсус аз Қосим-Жомарт Тоқаев барои қарори Қазоқистон ҷиҳати пайвастан ба Созишномаи Иброҳим изҳори сипоси амиқ кардааст.
Бенямин Нетаняҳу ин қадамро ҷасурона ва дурандешона арзёбӣ намудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин, ба мувофиқа расидаанд, ки барои нигоҳ доштани тамосҳои фаъол, аз ҷумла тавассути сафарҳои сатҳи баланд, тадбирҳои муштарак андешанд.
Ёдовар мешавем, ки Созишномаи Иброҳим ҳамчун платформаи ҳамкорӣ байни Исроил ва кишварҳои ҷаҳони араб ва мусалмон таҳти сарпарастии Иёлоти Муттаҳида равона шудааст.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Қазоқистон аввалин кишварест, ки дар давраи дуюми раёсатҷумҳурии ӯ ба Созишномаи Иброҳим ҳамроҳ шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон ин созишнома фақат як паймони дипломатӣ нест. Ин абзоре барои муҳосираи Фаластин, ба расмият шинохтани ишғолгарии Исроил ва сохтани иттиҳоди кишварҳоест, ки розӣ мешаванд, дар баробари ҷиноятҳои Исроил сукут ихтиёр кунанд. Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Марокаш, Судон, аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки ба ивази ба даст овардани имтиёзҳои сиёсиву иқтисодӣ созишномаро ба имзо расониданд. Ҳоло ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷустуҷӯи аъзои нави дигар барои Созишномаи Иброҳим аст ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи асосии ҳукумати Доналд Трамп мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад