29 Сентябр 2026,
сешанбе, 05:17, Душанбе
08.01.2026 06:48

“Ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ”. Дар кишвар озмуни нав баргузор мегардад

АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соли равон дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон” баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат гузаронида мешавад.

“Озмун бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният баргузор мегардад”, - омадааст дар иттилоя.

Иттилоъ дода мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон” дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28.09.2026 06:29

Дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар ифтитоҳ шуд

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.