Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Ҳунарманди тоҷик дар фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» соҳиби ҷойи аввал шуд
Муаррифии “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср
Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
22.12.2025 12:20
Гулноз Тоҳириён бо унвони «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардид
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода хабар медиҳад, шоири шинохтаи тоҷик Гулноз Тоҳириён бо унвони баланди «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардондааст.
“Ин унвони ифтихорӣ дар доираи саммити байналмилалие, ки дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардид, ба шоири тоҷик эҳдо шуд. Дар ҳамоиши мазкур наздик 100 нафар намояндаи адабу фарҳанги 37 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд”, - омадааст дар иттилоия.
Бояд гуфт, ки Гулноз Тоҳириён аз шумори шоирони маъруфи кишвар буда, муаллифи китобҳои "Ашки ширин", "Аз нигоҳ то шеър", "Парвози дунё", "Шаб дар паси ман буд", "Пероҳане дар бод", "Чатри наҷоти садо", "Парандаҳои махмалӣ" ва ғайраҳо мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
23.11.2026 18:48
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 18:40
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Дар Чин як мақоми давлатӣ бо насаби “Ма” бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи як ниҳоди хориҷӣ ба қатл маҳкум шудааст.
23.11.2026 18:26
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Имрӯз, 23-юми ноябр ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аввалин парвози мусофиркашониро дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе анҷом дод.
23.11.2026 15:25
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
23.11.2026 14:15
Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Имрӯз, 23-юми ноябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 бозии дуюми худро баргузор мекунад.
23.11.2026 14:13
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми октябри соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.
23.11.2026 12:14
Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар сари дастархон ороста бо меваҷот Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия нишастаанд.
23.11.2026 09:25
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Дар ҳошияи нахустин форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муколамаи тамаддунҳо дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шехават мулоқот намуд.
23.11.2026 09:23
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Бинобар иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми кишвар, Давлати Қатар барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2026-2027 бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо кардааст.
23.11.2026 08:13
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА, ҳушдор додааст, ки дар сурати ба мувофиқа нарасидан бо Эрон, эҳтимол дорад пас аз 1-уми январ ҳамлаҳои низомии нав алайҳи ин кишвар анҷом дода шаванд.
23.11.2026 08:08
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Рангин Додфар Сепанто, мушовири пешини амнияти миллӣ ва вазири корҳои хориҷии ҳукумати пешини Афғонистон, аз сиёсати Олмон дар баробари Толибон интиқод карда, онро намунае аз меъёрҳои дугона ва риёкории сиёсӣ хондааст.
21.11.2026 14:33
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.