Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Ҳунарманди тоҷик дар фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» соҳиби ҷойи аввал шуд
Муаррифии “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср
Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Покистон. Осиф Алӣ низ иштирок кардааст
Дар маросими ифтитоҳии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Покистон президенти ин кишвар Осиф Алӣ ширкат ва сухаронӣ намудааст.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Покистон дар Шӯрои санъати миллии Покистон оғоз шуд.
Гуфта мешавад, ки пеш аз оғози барномаи консертӣ дар се толори барҳаво намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, санои дастӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, меваҷот, оши палав ва намоши мусаввараву аксҳо баргузор гардид.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони кишвар, ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Лола” ва “Парасту” доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Покистон шоми 18-уми декабр оғоз шуда, то 24-уми декабр давом меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад