“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Фош шудани гуфтугӯи Уиткофф бо Путин. “Нақшаи Трампро барои Украина пазир!”
Блумберг фош намуд, як файли садоӣ нишон медиҳад, ки Стив Уиткофф рӯзи 14-уми октябр бо Юрий Ушаков, мушовири калони Кремл тамоси кӯтоҳ дошта, аз Русия хост, ки дар хусуси тарҳи сулҳи Украина бо Иёлоти Муттаҳида ҳамоҳангӣ дошта бошад ва ба Путин пешниҳод намуд, ки ин идеяро мустақиман бо Доналд Трамп матраҳ созад.
Стив Уиткофф пешниҳод намуд, ки ин лоиҳа бар асоси созиши ахири Ғазза моделсозӣ шавад. Ӯ ба Ушаков гуфт, ки худаш ва Трамп “лоиҳаи 20 моддаи сулҳ” таҳия намудаанд ва метавонанд тарҳи монандеро бо Русия низ омода кунанд.
Стив Уиткофф ба Путин тавсия дода, ки пеш аз боздиди Владимир Зеленский аз Кохи Сафед бо Трамп тамос гирад, ӯро барои созиши Ғазза табрик намояд ва Русияро кишвари “омодаи сулҳ” нишон диҳад.
Ду рӯз баъд Путин бо Трамп гуфтугӯ кард ва Трамп он суҳбатро басо созанда номид.
Дар гузориш ба нақл аз Стивен Чонг, мудири робитаҳои Кохи Сафед гуфта мешавад, ки “ин ҳодиса як чизро собит мекунад: Стив Уиткофф, фиристодаи хос, қариб ҳар рӯз бо мақомдорони Русия ва Украина барои расидан ба сулҳ суҳбат мекунад. Маҳз ҳамон чизе, ки Президент Трамп ӯро барои анҷомаш масъул кардааст”.
Доналд Трамп низ дар посух ба суоли хабарнигор дар ҳавопаймои “Айр Форс он” (Air Force One), ки ба самти Вашингтон ҳаракат мекард, гуфт, равиши Стив Уиткофф “як амалиёти маъмулӣ ва кори як муомилагари воқеӣ” мебошад.
“Бояд бигӯӣ: бин, онҳо инро мехоҳанд. Бояд ӯро ба ин чиз мутамин созӣ. Медонӣ, ин шакли бисёр маъмул ва стандартии музокирот мебошад”- зикр мешавад дар иттилоот.
“Фикр мекунам, ӯ ҳамин суханҳоро ба Украина низ мегӯяд, зеро ҳар ду ҷониб бояд чизе диҳанду чизе гиранд”- афзуд Трамп.
Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки Доналд Трамп рӯзи сешанбе аз эҳтимоли мулоқоти сатҳи баланди миёни Зеленский ва Путин дар сурати пешрафти музокирот хабар дод.
Доналд Трамп афзуд, ки дастаи ӯ дар хусуси “лоиҳаи 28-моддаи сулҳи Амрико” барои хотима додани ҷанги Русия ва Украина дар ҳафтаи гузашта “пешрафти чашмрас” ба даст овардааст. Лоиҳае, ки ба гуфтаи ӯ, бо назари ҳар ду ҷониб “навсозӣ” шудааст ва “фақат чанд мавриди ихтилоф боқӣ мондааст”.
Тибқи изҳороти муштараки ду кишвар, музокироти мақомоти амрикоӣ ва украинӣ дар Женева баргузор шуда, дар рӯзҳои истироҳат ба як чорчӯби “навшуда ва ислоҳшуда” анҷом ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид