Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Дар ҳама масҷидҳои Ӯзбекистон барои талаби борон “намози борон” хонда мешавад
Бо идомаи хушксолӣ ва коҳишии боришот дар Ӯзбекистон Идораи мусалмонони ин кишвар эълон намуд, ки рӯзи ҷумъа, 28-уми ноябр дар ҳама масҷидҳои кишвар “намози борон” барои талаби борон доир хоҳад шуд.
Ин қарор дар шароите қабул шудааст, ки ба гуфтаи созмони обуҳавосанҷии Ӯзбекистон чандин ҳафта аст боришоти назаррас дар минтақаҳои мухталифи кишвар ба қайд гирифта нашуда ва пешгӯиҳо низ аз идома ёфтани ҳавои хушк дар рӯзҳои оянда хабар медиҳанд.
Бино ба эълони Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ин маросим бо ибтикори муфтии кишвар ва баъд аз намози ҷумъа баргузор мегардад ва намозгузорон ду ракаат намози боронро ба таври ҷамъӣ адо мекунанд.
Ин ниҳоди динӣ аз шаҳрвандон даъват намуд, ки дар баробари дуо ва талаби раҳмати илоҳӣ, бо руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ ҷомеаро дар пушти сар намудани ин шароити душвор ҳамроҳӣ намоянд. Бар асоси таъкиди идора баргузор намудан “намози борон” дар таърихи ислом собиқаи тӯлонӣ дорад.
Ҳамзамон бо доир шудани намоз барномаҳои хайриявӣ дар масҷиди марказии вилоят ва ноҳияҳо ҷараён мегирад ва гӯшти қурбонӣ миёни оилаҳои ниёзманд, ятимон, занони бепарастор, пирони бепарастор ва табақаҳои камбизот тақсим хоҳад шуд.
Идораи мусалмонони Ӯзбекистон изҳори умед намуд, ки дуо ва ибодатҳои умумӣ боиси нузули борони раҳмат ва беҳтар гардидани вазъи экологӣ ва кишоварзӣ дар кишвар шавад.
Ӯзбекистон аз лиҳози иқлимӣ дар радифи кишварҳои хушку нимахушк қарор дорад ва боришоти солонаи он тақрибан 200 миллиметрро ташкил медиҳад. Рақаме, ки дар баъзе минтақаҳои биёбон ҳатто ба камтар аз 100 миллиметр мерасад. Аксари боришоти ин кишвар дар фасли зимистон ва аввали баҳор рух медиҳад ва ҳамин танзими номунтазам боис мегардад, ки ҳар гуна коҳиши боришот таъсири ҷиддӣ ба манобеи об, кишоварзӣ ва рӯзгори мардум гузорад.
Дар сатҳи минтақа низ Осиёи Марказӣ дар солҳои охир бо болоравии ҳарорат ва коҳиши боришот рӯ ба рӯ мешавад. Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ гузоришҳоеро дар хусуси хушксолиҳои пай дар пай нашр кардаанд. Таҳлилгарон ба ин бовар мебошанд, ки тағйироти иқлимӣ ва коҳиши захираҳои барфӣ дар кӯҳҳои Помир ва Тён-Шон раванди таъмини обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад