Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ушаков: “Путин ва Жапаров мулоқоти рӯ ба рӯ хоҳанд дошт”
Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 25-27-уми ноябр бо сафари давлатӣ аз Қирғизистон боздид менамоянд. Ин хабарро ёвари президенти Русия Юрий Ушаков тасдиқ намудааст.
Юрий Ушаков гуфт, ки сафари давлатӣ рӯзи сешанбе оғоз мешавад ва он бо даъвати президенти Қирғизистон Садир Жаппаров сурат мегирад. Ӯ, ҳамчунин, ёдовар шуд, ки сессияи Шурои амнияти дастаҷамъонаи СААД рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, барномаи сафари президент бегоҳи 25-уми ноябр оғоз мешавад. Пас аз фуруд омадан ба Бишкек, Президенти Қирғизистон Садир Жаппаров Путинро дар назди зинаи ҳавопаймо пешвоз мегирад.
Ду сарвар якҷо ба майдони Ғалаба рафта, ба “оташи ҷавидон” гулчанбар мегузоранд. Баъдан дар қароргоҳи Ала Арча мулоқоти ғайрирасмии ду президент дар формати “тет-а-тет” (рӯ ба рӯ) баргузор мегардад.
Рӯзи 26-уми ноябр дар қасри Интимак Ордо маросими расмии истиқболи президенти Русия баргузор мегардад. Дар ҳамон ҷо музокироти расмии Русия ва Қирғизистон доир мегардад.
Дар музокирот масъалаҳои калидии ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва ҳамкориҳои гуманитарӣ муҳокима мешаванд.
Юрий Ушаков гуфт, ки дар мулоқоти васеъ бо ширкати ҳайатҳо масъалаҳои энергетика, иқтисод, тандурустӣ, маориф ва муҳоҷират ҷузъиёти бештар хоҳанд гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд