Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Қазоқистон ва Туркманистон ба созиш расиданд, ки ҳаҷми тиҷоратро ба 1 миллиард доллар расонанд
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов баъди мулоқоти расмӣ барои намояндагони ВАО натиҷаҳои музокироти дуҷонибаро шарҳ доданд.
Президенти Қазоқистон гуфт, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон аҳамияти хоса дорад, зеро Туркманистон кишвари бародар ва шарики боэътимоди Қазоқистон мебошад.
«Мардумони мо бо риштаҳои дӯстии самимӣ, решаҳои умумии таърихӣ ва арзишҳои маънавию фарҳангӣ муттаҳиданд. Маҳз дар ин заминаи устувор муносибатҳои Қазоқистону Туркманистон бо рӯҳияи шарикии стратегӣ рушд меёбанд. Муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ сол ба сол таҳким меёбанд. Ду кишвар барои таъмини амният ва суботи минтақа саҳми фаъол доранд» - таъкид кард Президенти Қазоқистон.
Президенти Қазоқистон ҳамчунин, Сардор Бердимуҳаммадов ва халқи Туркманистонро ба муносибати 30 -солагии сиёсати бетарафии доимии Туркманистон табрик намуда, афзуд, ки ин сиёсат ба Ашқобод дар арсаи байналмилалӣ обрӯи баланд додааст.
Президенти Қазоқистон таъкид намуд, ки дар музокирот ҳамаи масъалаҳои муҳимми дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва афзалиятҳои ҳамкории минбаъда муайян шуданд. Самти асосӣ рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ буд.
«Бо талошҳои муштарак гардиши мол миёни ду кишвар устуворона аз 500 миллион доллар зиёд аст. Нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ низ умедбахшанд. Мо бо Президенти Туркманистон мувофиқа кардем, ки барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат то 1 миллиард доллар чораҳои зарурӣ андешем. Барои ин, Қазоқистон Нақшаи корӣ оид ба афзоиши ҳаҷми савдоро таҳия кард. Ҳамчунин, қарори таъсиси хонаҳои тиҷоратии муштарак қабул шуд. Мо имкони роҳандозии парвозҳои мустақими тиҷоратӣ миёни шаҳрҳои ду кишварро низ баррасӣ мекунем», — гуфт Токаев.
Президент Қосим-Жомарт Токаев қайд кард, дар шароити муосир соҳаи транзитиву нақлиётӣ аҳамияти стратегӣ касб кардааст. Дар ин замина роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон, ки қисми муҳимми долони Шимол-Ҷануб аст, нақши калидӣ мебозад.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли бор дар ин самт ба 1, 5 миллион тонна расида, 14 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷонибҳо барои оптимизатсияи тарофаҳо, сода намудани тартибот ва рушди инфрасохтори марзӣ кор мебаранд. Ҳамчунин, пайвастшавии роҳҳо дар самти Туркманбошӣ -Гарабогаз-марзи Қазоқистон бо суръат иҷро шуда истодааст. Кишварҳо имкониятҳои логистикии бандарҳои Каспӣ-Ақтау, Қуриқ ва Туркманбоширо барои тақвияти интиқоли контейнерӣ фаъолона истифода хоҳанд бурд.
Мавриди зикр аст, ки дар панҷ соли охир ҳаҷми савдои мутақобилаи Қазоқистон ва Туркманистон беш аз чор маротиба афзоиш ёфтааст. Сардор Бердимуҳаммадов гуфт, ки Туркманистон ва Қазоқистон “шарикони стратегӣ” дар Осиёи Марказӣ мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад