Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
"100 идея барои ИДМ". Дастоварди табиби тоҷик дар Қазоқистон
Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими ҷамъбастии марҳилаи ниҳоии лоиҳаи байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «100 идея барои ИДМ» доир гашт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар чорабинии мазкур аз рӯи номинатсияи «Тиб ва тандурустӣ» табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе” Шарифов Сунатулло бо пешниҳоди лоиҳаи худ беҳтарин эътироф гардида, ба ҳайси ғолиби ин бахш интихоб шуд.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади татбиқи Созишномаи давлатҳои аъзои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии кишварҳои узви ИДМ амалӣ мегардад.
"Ин лоиҳа бо мақсади муайян ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионии ҷавонон, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ИДМ нигаронида шудаанд, амалӣ карда мешавад", - менависад манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад