Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Афғонистон: Фавти беш аз 20 нафар бар асари заминларза
Бар асари заминларза дар Афғонистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расид ва наздик ба 320 нафар дигар маҷруҳ шуданд. Шумораи қурбониёни ин зилзила ба эҳтимоли зиёд рӯ ба афзоиш аст.
Ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ ин заминларза 3-уми ноябри соли 2025, соати 01:29 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он 236 километр ҷанубу-ғарби шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу-ғарби ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, 322 километр аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буд.
Хадамоти геологии ИМА хабар дод, ки қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 6,3 бал буд ва умқи он ба 28 км мерасид.
Ҳокимони маҳаллии Афғонистон аз ҳалокату маҷруҳ шудани одамон дар ин зилзила хабар доданд. Дар гузорише, ки 1news.az/news/ то кунун бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ пахш кард, наздик ба 320 нафар ҷароҳат бардоштанд ва шумораи ҷонбохтагони зилзила то кунун 20 нафар эълон шуд.
Мақомот гуфтаанд, ки маркази заминларза каме дуртар аз шаҳри Мазори Шариф буд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҶТ хабар додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад