Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Чор рӯз дар баъзе минтақаҳои кишвар хокбориш дар назар аст
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро аз хокбори чоррӯза ҳушдор медиҳад.
Дар иттилоияе, ки сомонаи расмии Агентии обуҳавошиносӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки аз 31-уми октябр то 3-юми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Агарчи Агентии обуҳавошиносӣ омадани хокборишро аз 31-уми октябр пешгӯи карда бошад ҳам, тавре мушоҳида мегадад, имрӯз, 29-уми октябр ҳавои шаҳри Душанбе хокбориш аст.
Ин ниҳод ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад