Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сайёҳони рус Қазоқистону Ӯзбекистонро муқоиса карданд: дар куҷо истироҳат роҳат ва арзон аст?
Сомонаи “Ulysmedia.kz” дар матлабе дар хусуси он менависад, ки сайёҳони рус чӣ гуна шароити сафар ба Қазоқистону Ӯзбекистонро муқоиса мекунанд ва шароити сайёҳат дар кадом яке аз ин кишварҳо роҳатбахшу арзонтар аст.
Ба навиштаи ин сомона ҳам Қазоқистон ва ҳам Ӯзбекистон ба русиягиҳо низоми бидуни раводид, парвозҳои мустақим ва фарҳанги ғаниро пешниҳод мекунанд.
Мувофиқи таҳлили нашрия ду кишвар аз рӯи чанд меъёр муқоиса шуданд: роҳатӣ ва дастрасии меҳмонхонаҳо, имконоти фароғатӣ ва тамошобобҳо, тарабхонаҳо ва умуман хӯрокҳои миллӣ.
Муаллифон таъкид намудаанд, ки дар ҳарду кишвар барои русиягиҳо барномаи ғании фарҳангӣ бо боздид аз ҷойҳои нотакрори табиӣ пешниҳод мешавад. Бо вуҷуди ин, истироҳат дар Қазоқистон гаронтар меафтад.
Ӯзбекистон
Ба андешаи таҳлилгарон ин интихоби дастрас ва буҷетӣ ба ҳисоб меравад. Нархи манзил, ғизо ва нақлиёт нисбат ба Қазоқистон арзонтар аст. Буҷети миёна барои як рӯз аз 30 то 50 доллар барои як нафар аст.
Қазоқистон
Каме гаронтар, аммо ҳанӯз ҳам барои аксари сайёҳон дастрас мебошад. Буҷети миёна барои як рӯз аз 50 то 80 доллар барои як нафар аст.
Дар ин матлаб чунин шарҳ зикр мешавад: “Интихоб миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз завқи шахсии шумо вобаста аст. Агар хоҳед ба фазои шаҳрҳои бостонӣ ворид шавед, палави беҳтаринро бичашед ва маблағро сарфа кунед, пас Ӯзбекистон интихоби хуб аст. Аммо агар шаҳрҳои муосир, маназарҳои кӯҳӣ ва истироҳатро дар муҳити зебо авлотар донед, пас Қазоқистон беҳтар аст. Дар ҳар сурат, ҳарду кишвар ба шумо таассуроти фаромӯшнашаванда ва меҳмоннавозии гарму самимиро пешкаш мекунанд.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад