“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
“Ню-Йорк таймз” чор шарти Амрикоро барои оғози музокирот бо Эрон нашр кард
Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” дар гузориши нави худ бо такя ба як мақоми амрикоӣ навишт, ки ҳукумати Доналд Трамп барои оғози музокирот мехоҳад ба Эрон чор шарт пешниҳод намояд.
Дар гузориш омадааст, ки шартҳои зикршуда иборат аз оғоз намудани музокироти мустақим бо Амрико, тавқифи ғанисозии уран, маҳдуд кардани барномаҳои мушакӣ ва қатъи ҳимояти молӣ аз неруҳои минтақавӣ мебошад.
Ин масъули амрикоӣ иддао намудааст, ки шартҳои чаҳоргонаи зикршуда яке аз барҷастатарин сарчашмаҳои музокироти гузашта буда, пешбинӣ мешавад, ки Теҳрон бо онҳо мухолифат кунад.
Дар ин гузориш омадааст, Вашингтон бовар дорад, ки замон барои ворид кардани фишор фароҳам шуда ва таҳримҳо заминасоз барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли сиёсӣ мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвари Эрон борҳо бар ғайриқобили музокира будани барномаи дифоӣ ва мушакӣ ва ҳаққи худ барои ғанисозии уран таъкид намудаанд. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки мақомоти кишвари Эрон борҳо таъкид намудаанд, ки Вашингтон иродаи ҷиддӣ барои музокира ва гуфтугӯ надорад ва бо чунин хостаҳои максималӣ амалан роҳро барои ҳар гуна гуфтугӯ мебандад. Қабл аз ин низ Эрон ва Амрико дар чанд навбат бо миёнҷигарии Умон гуфтугӯ намуданд, вале дар миёни гуфтугӯҳо режими Исроил ва Амрико ба хоки Эрон таҷовуз карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид