Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Қосим-Жомарт Токаев Вазири корҳои хориҷии Қазоқистонро нав кард
Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ва муовини аввали Сарвазирро аз вазифааш озод намуда, ба вазифаи муовини Президент оид ба ҳамкориҳои байналмилалии сармоягузорӣ ва тиҷорат таъйин кард.
Президенти Қазоқистон Ермек Беделбаевич Кошербаевро ба вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон таъйин кард. Қаблан ӯ, муовини Сарвазир буд.
Ермек Кошербаев солҳои 2020-2023 сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Русия буд. Ӯ дар гузашта масъулиятҳои раиси вилояти Акими Қазоқистон, масъули вазорати кишоварзӣ, вазорати корҳои хориҷӣ ва ширакатҳои миллии давлатиро бар уҳда дошт. Ӯ аз 14-уми феврали соли 2025 муовини Сарвазир таъйин шуда буд ва ҳамчунин, хеши духтари Президенти нахустин Дариға Назарбоева мебошад.
Ҳукумати Қазоқистон дар изҳороти расмӣ гуфт, ки хабарҳои қаблӣ дар хусуси боздошти Мурат Нуртлеу асоси воқеӣ надорад.
Қаблан баъзе расонаҳо хабар дода буданд, ки Мурат Нуртлеу боздошт шудааст. Ба ин шуъла вақта доман зада шуд, ки Президенти Қазоқистон фармони аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон озод кардани ӯро содир кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад