Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Замир Кобулов: “Ҳамлаи Амрико барои пас гирифтани Багром фоҷеа дар пай дорад”
Намояндаи хоси президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов дар нишасти хабарӣ гуфт, шубҳа дорад, ки Амрико барои бозгардонидани Пойгоҳи ҳавоии Багром нияти ҳамла ба Афғонистонро дошта бошад.
Ӯ гуфт, ҳамлаи Амрико ба Афғонистон бо ҳадафи боз гардондани ин пойгоҳи ҳавоӣ метавонад оқибатҳои фоҷеабор дар пай дошта бошад.
Рӯзи якшанбе Доналд Трамп, Президенти Амрико гуфта буд, аз мақомоти Толибон интизор дорад, назорати Пойгоҳи ҳавоии Багромро фавран ба дасти Амрико супоранд.
Ҳамзамон ӯ таҳдид намуд, ки агар Афғонистон аз интиқоли назорати ин пойгоҳи низомӣ худдорӣ кунад, Кобул бо “ҳодисаҳои бад” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Замир Кобулов дар посух ба суоли ин ки оё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарори ҳамла ба Афғонистонро дорад ё не, гуфт: “Фикр намекунам. Ин мавзуъ хеле ба баҳси Трамп дар хусуси Гренланд ва Канада монанд аст. Оқибатҳои он барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фоҷеабор хоҳад буд ва афғонҳо бо ҷанг бегона нестанд”.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми гурӯҳи террористии Толибон гуфт, бар асоси муоҳидаи имзокардаи Толибон бо Амрико дар шаҳри Давҳаи Қатар Амрико уҳдадор аст, ки аз зӯр ва таҳдид ба муқобили якпорчагӣ истифода накунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад