Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Эрон мушаки мармузи қорапаймо озмоиш кард. Вокуниши як мақоми исроилӣ ба озмоиши мушакии Эрон
Валид Гадбан, мушовири сиёсии вакили доимии Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид ба суханони Зангина, вакили парлумони Эрон дар хусуси санҷиши мушакии қорапаймо вокуниш нишон дод.
Тибқи гузориши расонаҳои эронӣ дар рӯзҳои охир тавсири дуди асроромез дар осмони Эрон, бахусус дар Теҳрон ва шаҳрҳои шимолии ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки боиси тахмину баҳсҳои мухталиф шуд. Дар ҳамин росто, Муҳсин Зангина, вакили Маҷлиси Эрон рӯзи шанбе дар барномаи телевизионии зинда гуфт, ки Эрон бори нахуст мушаки қорапаймо озмоиш кардааст.
Фақат як рӯз баъди он ки Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешгирӣ аз бозгашти таҳримҳо бар зидди Ҷумҳуриии Исломии Эронро рад кард, Зангина дар барномаи телевизионӣ гуфт: “Мо бомбаборон шудем, ба муассисаҳои атомии мо ҳамла шуд, вале на аз ғанисозӣ даст кашидем ва на ураниумро дар ихтиёри душман гузоштем ва на аз мавқеъҳои мушакии худ поён омадем”.
“Дар ду шаби пеш мо яке аз пешрафтатарин мушакҳои кишварро, ки то ҳол озмоиш нашуда буд, санҷидем ва муваффақ ҳам шудем. Яъне, мехоҳам бигӯям, ки дар ҳамин шароит мо машғули санҷиши амниятии мушаки қорапаймоем”.
Суханони намояндаи парлумони Эрон вокунишҳои густурдаро дар пай дошт. Валид Гадбан, мушовири сиёсии вакили доимии Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид дар шабакаи иҷтимоии “Х” ба форсӣ навишт: “Ҷумҳурии Исломӣ бо санҷиши мушаки қорапаймо амалан аз як таҳдиди минтақавӣ ба таҳдиди ҷаҳонӣ табдил шуд”.
Бо вуҷуди ин, то ҳол рӯшан нест, ки дуди асроромезе, ки дар осмони Эрон дида шуд, бо санҷиши ҳамин мушаки қорапаймо иртибот дошт ё на.
Ҳамзамон бо мушоҳидаи ин дуд Вазорати дифои Русия низ аз партоби мушаки баллистикии қорапаймо аз марказ озмоиши “Капустин Яр” дар вилояти Астархани ин кишвар, воқеъ дар шимоли Баҳри Хазар хабар дод.
Рӯзномаи “Ҳаммеҳан” –и Эрон натиҷаи дуди мушоҳидашуда дар осмони Эронро чунин тавсиф кард: “Сабаби мушоҳидаи ин дуд дар осмони кишвар, парвози хеле баланди мушак аст, ки дар табақаҳои болоии атмосфера масири худро тай мекунад. Ба ҳамин далел, ҳарчанд роҳи он аз осмони Эрон намегузарад, вале бо сабаби баландиҳои фавқулода дар нуқтаҳои мухталиф намоён мешавад”.
Вале хабаргузории “Форс”, ба нақл аз муовини сиёсӣ-амниятии ҳукумати вилояти Гулистон мушоҳидаи дуди асроромезро “вобаста ба озмоиши системаҳои дохилӣ” номид.
Рӯзномаи “Исроил ҳаюм” бо ишора ба нияти Эрон барои партоби чор моҳвора то моҳи марти соли 2026 Теҳронро муттаҳам кард, ки “қобилиятҳои мушакии худро таҳти пӯшиши фаъолиятҳои ғайринизомӣ рушд диҳад”.
Ин рӯзнома бо такя ба гузориши Пентагон дар соли 2019 навишт, ки талошҳои Эрон барои партоби моҳвора метавонад ба рушду густариши мушакҳои баллистики қорапаймо кумак кунад.
Бархе таҳлилгарон мегӯяд, ки даст ёфтани Эрон ба технологияҳои сохти мушакҳои қорапаймо тавони низомӣ ва боздорандагии ин кишварро боло мебарад. Ин мушакҳо метавонанд ҳадафҳоро дар кишварҳои аврупоӣ мавриди ҳамла қарор диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”