Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Қазоқистон дар қонун барои издивоҷи иҷборӣ ҷазо таъйин кард
Ҷумҳурии Қазоқистон барои пешгирӣ аз издивоҷҳои иҷборӣ дар қонун ҷазо таъйин кард.
Ин тағйирот дар қонунгузории Қазоқистон аз 16-уми сентябр ҳукми қонунӣ пайдо кардааст.
Бар асоси тағйироти воридшуда ба қонунгузорӣ маҷбур кардани шахс ба издивоҷ расман ҷиноят ҳисобида мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ин кишвар тибқи моддаи нави 125-и Кодекси ҷиноятӣ муҷримон метавонанд аз ҷаримаи калон то маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо гиранд.
Тибқи муқаррароти қонун барои маҷбур кардани шахс ба издивоҷ ҷарима то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (зиёда аз 7, 8 миллион танга ё тақрибан 14, 3 ҳазор доллар) пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои вазнин муҷримон аз 5 то 19 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Дар ҳолатҳои зӯроварӣ маҷбур кардани ноболиғон ба издивоҷ ва ҳамчунин, бо истифода аз вобастагӣ аз ҷониби гурӯҳ ё мақоми хизматӣ водор намудан ба издивоҷ ҷазои шидидтар пешнинӣ шудааст.
Ин тағйирот ҳамчунин, моддаи рабудани инсонро низ фаро хоҳад гирифт. Қаблан шахсе, ки қурбониро ихтиёран раҳо мекард, метавонист аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад. Ҳоло ин имкон аз миён бурда шудааст, ҳатто дар сурати раҳо кардани шахси рабудашуда гунаҳкор дар назди қонун посух хоҳад гуфт.
“Ин ислоҳи қонун барои пешгирӣ аз издивоҷҳои маҷбурӣ ва ҳимояи гурӯҳҳои осебпазир, пеш аз ҳама занону наврасон равона шудааст”- зикр мешавад дар изҳороти расмии мақомоти Қазоқистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад