Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Эрон барои пешгирӣ аз буҳрон ба кишварҳои аврупоӣ шартҳои худро пешниҳод кард
Сайидаббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як паёми худ дар шабакаи иҷтимоӣ гуфт, ки Теҳрон рӯзи гузашта “таҳлили мантиқӣ ва амалӣ”-ро ба ҳамтоёни аврупоии худ пешниҳод намудааст, то аз ба вуҷуд омадани буҳрони нолозим дар рӯзҳои наздик пешгирӣ шавад.
Аммо ба гуфтаи ӯ, ба ҷои баррасии муҳтавои ин пешниҳод Эрон бо як қатор сабабҳо ва саркашии ошкоро рӯ ба рӯ шудааст: “Аз ҷумла иддаое, ки гӯё Вазорати корҳои хориҷӣ намояндаи ҳама сохторҳои сиёсӣ нест, хеле хандаовар аст”.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки Президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ ба мантиқӣ будани ин пешниҳод эътироф намудааст. Ӯ ҳушдор медиҳад, Эммануэл Макрон ва ҷомеи ҷаҳонӣ бояд бидонанд, ки ин пешниҳоди Эрон аз сӯи ҳама ниҳодҳои кишвар, аз ҷумла Шурои Олии амнияти Эрон ҳимоят мешавад.
“Шояд воқеият ин бошад, ки дар асл дипломатияи аврупоӣ берун аз майдон қарор дорад”- зикр кард Сайидаббос Ироқчӣ.
Ӯ гуфт, ки ҳоло замони он расидааст, ки Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид вориди амал шуда, дипломатияро ба ҷои муқобила истифода кунад, зеро хавф ба баландтарин сатҳ расидааст.
Вазир зикр кард, ки Эрон қаблан низ масъулияти худро иҷро намудааст, аз ҷумла имзои созишнома бо МАГАТЭ ва пешниҳоди идеяҳои эҷодкорона ва мутавозин, ки нигарониҳои воқеиро баррасӣ намуда, барои ҳарду ҷониб фоидавор мебошад. Сайидаббос Ироқчӣ афзуд, ки татбиқи ин идеяҳо метавонад ба зуддӣ амалӣ шуда, хатҳои асосии ихтилфро ҳал кунад ва аз пайдоиши буҳрон пешгирӣ намояд.
“Роҳе барои пешрафт вуҷуд дорад, аммо Эрон наметвонад ягона қаҳрамоне бошад, ки масъулияти амалро бар дӯши худ бигирад”- зикр кард Сайидаббос Ироқчӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”