3 Ноябр 2026,
сешанбе, 12:45, Душанбе
18.09.2025 14:25

Исмоил Бақоӣ: “Ба гузориши СММ дар мавриди наслкушии Исроил шак накунед”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси наслкушии Исроил дар Ғазза гуфт: “Дигар ба наслкушии Исроил ҳич шакку шубҳа накунед”.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пасманзари нашри гузориши Комиссияи Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки амалиёти наслкушии Исроил дар Ғаззаро наслкушӣ номида буд, дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Дар аввали сентябри имсол Дэвид Лэмми, Вазири хориҷаи вақти Англия дар номае ба раиси Кумитаи байналмилалии парлумони ин кишвар исрор намуд, ки Исроил муртакиби наслкушӣ нашудааст”.

Исмоил Бақоӣ дар идома навишт, дар ин нома Вазири корҳои хориҷии вақти Англия шарҳ медод, ки мутобиқи Конвенсияи наслкушӣ, ҷинояти наслкушӣ фақат дар замоне рӯй медиҳад, ки “қасди хоси нобудии куллӣ ё ҷузъии як гурӯҳи миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ” вуҷуд дошта бошад ва кишвар ба ин натиҷа нарасидааст, ки Исроил бо чунин нияте амал кунад”.

Исмоил Бақоӣ бо ишора ба ин мавқеи Вазири корҳои хориҷии Англия гуфт, акнун комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷиноятҳои содиршуда дар Фаластини ишғолӣ, таҳти раёсати ҳуқуқдони маъруф хонум Нави Пилай, ҳич шакке дар бораи моҳияти ҷиноятҳо ва ваҳшониятҳои идомаёбанда дар Ғазза боқӣ намегузорад. Ин комиссия дар шакли як таҳлили ҳуқуқии 72 саҳифагӣ, бар асоси воқеиятҳо ва омор мушаххас кардааст, ки Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ задааст.

“Комиссия ба чунин натиҷа расид, ки мақомоти расмӣ ва неруҳои амниятии Исроил қасду нияти наслкушӣ бо мақсади маҳви куллӣ ё ҷузъии фаластиниён дар Навори Ғаззаро дошта ва то ҳол доранд” – таъкид кард Исмоил Бақоӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.